ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Сураҷ Чоршанбиев, сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши ВМКБ гуфт, толори мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Саламшо Имомназаров бунёду навсозӣ шудааст.
“Таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба варзиш бамаротиб афзоиш ёфт. Ҳар яке аз онҳо кӯшиш мекунад, ки парчами миллати худро дар толорҳои бузурги ҷаҳонӣ баланд бардорад. Инро ба назар гирифта, ҳамасола дар шаҳру ноҳияҳои вилоят толорҳои хурду бузурги варзишӣ бунёд ва навсозӣ мешаванд. Дар баробари мақомоти марбутаи давлатӣ дар бунёду навсозии толору майдончаҳои варзишӣ соҳибкорони маҳаллӣ низ саҳм мегузоранд”, - иттилоъ додааст “Ховар” аз қавли Чоршанбиев.
Манбаъ афзуд, толори навсозишуда аз ҷониби Саламшо Имомназаров, ки устоди варзиши Тоҷикистон аст, бо харҷи беш аз аз 190 ҳазор сомонӣ сохта шуд.
Саламшо Имомназаров изҳор доштааст, ки ҳамаи таҷҳизот бо маслиҳату тавсияи мутахассисони соҳаи варзиш харид ва дар ихтиёри варзишгарон гузошта шуд.
Ғуломҳусейн Мародҳусейнов, масъули Мактаби варзишии вилоят бо изҳори сипос ба соҳибкори ҷавон таъкид кардааст, ки бо истифода аз чунин шароит сатҳу сифати тамрину мусобиқаҳои варзишӣ боз ҳам боло хоҳад рафт.
"Баъд аз ин мутобиқи реҷа духтарону занон ҳам метавонанд дар ин толор ба машқи бадан машғул шаванд”, - таъкид кардааст Мародҳусейнов.