IRS cубҳи 2 март эълон кард, ки роҳ аз 2 тараф баста аст

Ширкати роҳбони IRS, ки масъули нигоҳдории роҳи Душанбе – Хуҷанд мебошад, аз мутаваққиф шудани ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар ин масир хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тибқи эълони IRS, ки субҳи имрӯз дар саҳифаи интернетии ширкат нашр шуд, бинобар барфрезии шадид ва тармафароиҳо ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе – Хуҷанд муваққатан боздошта шуд.

Қатъи тавлиди барқ дар “Роғун” ва сафари сарвазир ба нерӯгоҳ

“Айни замон бартарафсозии тармаҳо идома дошта, кормандони филиали Ширкат тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодаанд то ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҳар чӣ зудтар таъмин карда шавад” – омадааст дар эълони IRS.

Ин дар ҳолест, ки субҳи рӯзи гузашта низ ширкати мазкур эълон кард, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз километри 47 - уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ба самти Хуҷанд ва аз километри 81- ум ба ҷониби Душанбе муваққатан боздошта шудаст, аммо баъди зуҳр тариқи яктарафа роҳро кушод.

Бар асоси эълони нав, феълан роҳи Хуҷанд – Душанбе аз ду тараф барои ҳамаи намуди воситаҳои нақлиёт баста мебошад.