Варзишкори ММА ба монанди ниндзя ҳарифи худро накаут кард – Навори аҷиб

Навори муҳорибаи омехтае, ки дар он як варзишкор ММА саҳнаи акробатӣ нишон дода, ҳарифи худро накаут кардааст, корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба ҳайрат гузоштааст
Sputnik

Дар навор муҳорибаи варзишкор аз Бразилия Микелей Перейро ва варзишкор аз Кореяи Ҷанубӣ  Ким Дай Сунг бо ҳам дигар рақобат мекунанд.  

Шоҳи ҷангал манам: Ҳабиб Мэйуэзерро ба муҳориба хонд (ВИДЕО)

Дар навор дида мешавад, ки варзишкори бразилӣ ҳангоми муҳориба дар дохили октагон монанди ниндзя мешаваду пирӯзӣ ба даст меорад . Дар аввал ӯ бо ҷаҳишҳо дар ҷояш ҳарифи худро ба ғазаб меорад.

Сипас Перейро ба монанди Чак Норис ҳарифи худро ба пой зада ба замин меандозад. Варзишкори кореягӣ аз ногаҳоние, ки ӯ ба замин афтодааст пойҳояшро боло карда аз ҳамлаҳои рақибаш мехост худро худро дифоъ кунад.

Сипас Парейро ба октагон болои баромада ба болои варзишкори кореягӣ хез мезанад, аммо ҳарифаш дар лаҳзаҳои ахир бо кумаки пойҳояш варзишкори ниндзяро тела дода хатарро аз болои худ дур мекунад.

Навор пешниҳодшуда аз чемпионати Осиё доир ба муҳорибаҳои омехта мебошад.