Сархатиби вилояти Суғд: “Хутбаи ҷумъаро ба забони тоҷикӣ хондан беҳтар аст…”

"Тоҷикӣ хондани хутба ба баланд бардоштани худшиносии миллӣ мусоидат намуда, имкон фароҳам меорад, то шунавандаи он аз асл бохабар бошад", - гуфтааст Мӯсозода
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, сархатиби вилояти Суғд бар он аст, ки “хутбаи ҷумъаро ба забони тоҷикӣ хондан беҳтар аст”, иттилоъ додааст ожонсии “Ховар”.

Бар Пешво гӯям сано: сархатиби масҷиди Хуҷанд бар васфи "Роғун" шеър навишт

Андешаҳои Сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозодаро дар робита ба хондани хутбаи намози ҷумъа бо забони тоҷикӣ, ожонсии “Ховар” чунин пешкаш кардааст:

Мусаллам аст, ки дар дини мубини ислом дар радифи дигар аркону фарзу суннатҳои намоз хондани хутба мавқеи хосса дорад. Хутба ҳар ҳафта як маротиба ҳини баргузории намози ҷумъа, соле ду маротибаи дигар яке дар намози иди Рамазон ва дигаре дар намози иди Қурбон хонда мешавад.   Дар намозҳои идайн ва ҷумъа хондани хутба шарт мебошад.

Аммо миқдори он чуноне ки  дар фатвоҳои мазҳаби Ҳанафӣ омадааст, (ҳадди ақали он)  камтарини он “Алҳамду лиллоҳ” мебошад.   Аслан маънои хутба каломест, ки аз минбари масҷид аз ҷониби хатиб ҷиҳати  ситоиши Худо, наъти Пайғамбар, шукргузорӣ аз замона ва ҷонибдорӣ аз соҳибони фармон арза карда мешавад.

Дар тамоми масҷидҳои олам хутба бо забони маҳаллии халқу миллатҳо  хонда мешавад, ки он аз чанд ҷиҳат афзал аст.

Аввал ин ки зимни бо забони халқи таҳҷоӣ ба ҷо овардани хутба ҳикмати он ба аҳли намозгузорон мустақим расонида мешавад;

Мусозода Эронро муттаҳам ба мазҳабгустарӣ дар Тоҷикистон ва пуштибонии ҲНИТ кард

Дуюм, аҳли намозгузор аз ҳикмати намози ҷумъа огоҳ шуда, шукргузорӣ аз Офаридгор ва давлати хешро дуруст арза менамоянд;

Сеюм, хутба  ба ваҳдати мардуми намозгузор атрофи арзишҳои исломӣ ва миллӣ муосидат менамояд;

Чорум, намози ҷумъа ба худшиносии миллӣ ва динии мардуми мусулмон мусоидат менамояд ва ниҳоят панҷум, ислом ба ҳифзи арзишҳои миллӣ мусоидат карда, гуногунфарҳангии динӣ ва мазҳабиро роҳандозӣ  намуда, ба таҳаммулпазирии дини мубини ислом неруи тоза мебахшад.

Чунонки ба ҳамагон маълум аст, то имрӯз  дар минбарҳои  масҷидҳои Тоҷикистон аввал мавъиза бо забони тоҷикӣ ва хутба бо забони арабӣ хонда мешавад, ки маънои онро намозхонон намефаҳманд.

Замоне, ки Имоми Аъзам, пири мазҳаби мо нияти намозро бо забони тоҷикӣ карду фаҳмондани аҳкоми шаръӣ ва фиқҳи исломиро ба забони модарии мо роиҷ донист, тайи беш аз ҳазор сол мардуми ғайриараби мусулмон мафҳуми нияти намозро дарк кардаю  нокарда, бо забони тоҷикӣ мехонданд.

Кумитаи дин: тақозои тартибот эълони "ҷанг зидди мардуми Бадахшон” нест

Ин ҳам обрӯи ислом ва ҳам обрӯи миллати мо буд. Вале имрӯз чӣ шудааст, ки миллатҳои дигар аҳкоми намозу шариатро то хутбаи никоҳ  бо забони хеш гардондаанду мо, тоҷикон, миллати решабатаърихи фарҳангӣ ҳанӯз ҳам бо забони арабӣ  онро қироат мекунем, ки на ҳама ҳамватанони мо мазмун ва мӯҳтавои онро дарк менамоянд. Ин ҳолат ҳам ба зарари дини мубини ислом ҳасту ҳам ба зарари ваҳдати мардуми мусулмон.

Ва гузашта аз он, ин ҳолат мо, аҳли мардуми диндор ва онҳоеро, ки даъвии сифати уламоӣ доранд, назди арвоҳи ниёгони донишмандамон сархам менамояд.

Барои расидан ба ин нуктаҳои неки  созандаи миллат  омили асосӣ- ин бо забони фаҳмо ба оммаи мардум расонидани ин ниятҳои  бунёдкорона аст. Маҳз бо инобати пасманзари  ҳамин ниятҳои накӯ ҳамчун масъули соҳаи дини вилоят зарур мешуморам, ки хутбаи намозҳои ҷумъа ва идайн бо забони ноби тоҷикӣ хонда шаванд.

Тавассути ин амал мо метавонем ба намозгузорон, умуман ба мардуми кишвар ҳақиқатро бо забони аслии худ баён намоем.

Тоҷикӣ хондани хутба ба баланд бардоштани  худшиносии миллӣ мусоидат намуда,  имкон фароҳам меорад, то шунавандаи  он аз асл бохабар бошад.