Сафири Русия бо “Маркази содироти Русия” ҳамкориҳои Тоҷикистону Русияро баррасӣ карданд

Игор Лякин-фролов сафири Русия дар Тоҷикистон бо роҳбари расмии “Маркази содироти Русия” дар ҷумҳурӣ масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Сафири Русия дар Тоҷикистон бо намояндаи расмии “Маркази содироти Русия” дар Тоҷикистон мулоқот анҷом дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти сафорати Русия дар Тоҷикистон.

Масраф 6 даромад 18 миллион: Русия дар Тоҷикистон марказҳои ҷалби муҳоҷир ифтитоҳ мекунад

Бино бар иттилои манбаъ, Игор Лякин-фролов сафири Русия дар Тоҷикистон ва Д. И. Прохоренко, роҳбари расмии  “Маркази содироти Русия” дар ҷуҳурӣ  як қатор масъалаҳои муҳимро баррасӣ карданд.

Аз ҷумла тарафҳо масъалаҳои ҳамкориҳои ин марказро дар Тоҷикистон ва тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод миёни соҳибкорони ду кишварро баррасӣ карданд.

Инчунин тарафҳо дурнамои рушди ҳамкорӣ бо соҳибкорони тоҷик ва монеаҳо дар савдои мутақобили судмандро низ баррасӣ карданд.