Дар соли 2018 ба Русия беш аз 34 ҳазор ҷавонони тоҷик барои таҳсил омаданд

Дар соли 2018 дар донишгоҳҳои Русия 212 ҳазор ҷавонон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба қайди муҳоҷиртӣ гирифта шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Дар соли 2018 ба Русия 536,5 ҳазор ҷавонони хориҷӣ ба Русия барои таҳсил омаданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти федератсияи муҳоҷирони Русия.

Бино бар иттилои ВУД Русия, дар донишгоҳҳои Русия 212 ҳазор ҷавонон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба қайди муҳоҷиратӣ гирифта шудааст.

Дубора донишҷӯ: масъулини тоҷикро аз нав дарси назарияи эҳтимолият меомӯзонанд

Бештари ҷавононе, ки мехоҳанд дар Русия таҳсил намоянд шаҳрвандони Қазоқистон мебошанд. Аз ин кишвар ба Русия наздик ба 86,5 ҳазор донишҷӯ омадааст.

Дар ҷои дувум Туркманистон ҷойгир шудааст. Аз ин кишвар ба Русия наздик ба 40 ҳазор донишҷӯ омадааст.

Аз Тоҷикистон ба Русия дар соли гузашта 34,7 ҳазор нафар барои таҳсил вориди ин кишвар шудааст. Узбакистон ба Русия 34,2 ҳазор донишҷӯ равон кардааст.

Инчунин, дар соли 2018 дар қайди муҳоҷиратӣ 16,6 ҳазор донишҷӯ аз Қирғизистон ба қайд гирифта шудааст.

Ёдрас мешавем, ки дар соли 2018 бештари муҳоҷироне, ки ба Русия ворид мегаштанд аз Тоҷикистон будаанд.