Посухи раиси ВМКБ ба эътирози сокинон: Файзов бурду бохти “Ишкошим” ва “Тем”-ро гуфт

Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ дар пайи эътирози гуруҳи сокинони вилоят аз тасмим барои кӯчондани минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим ба Хоруғ вокуниш нишон дода, қазияро шарҳ дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Файзов бо нашри як изҳорот гуфт, МОИ “Ишкошим” кӯчонда намешавад, балки субзона, ё худ зерқитъаҳои он дар навоҳии дигари вилоят, аз ҷумла Теми шаҳри Хоруғ ташкил мегарданд.

Интихобот: 98% ба ҷонибдории Ёдгор Файзов раъй додаанд

Ӯ бо изҳори сипос барои таваҷҷуҳи шаҳрвандон ба ин масъала гуфт, мехоҳад ба он равшанӣ андозад.

“Ин баҳси нав нест ва таърихи 3-сола дорад. Ҳанӯз соли 2017 масъалаи ташкил намудани Минтақаи озоди иқтисодии "Ишкошим" дар дигар қисматҳои ВМКБ баҳс карда шуд ва билохир моҳи июни соли 2018 иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ дар ташкили чунин субзона дар мавзеи Теми шаҳри Хоруғ қарорро қабул кард. Ман он рӯзҳо дар Фонди Оғохон кор кардам ва аз ин кор маълумот ҳам надоштам, вале бояд бигӯям, ки дар воқеияти имрӯза ин тасмими дуруст мебошад”, - омадааст дар изҳороти Файзов, ки дафтари матбуоташ нашр кардааст.

Ӯ таъкид намуд, ки гарчи субзона дар Тем, Мурғоб ё Дарвоз бошад, андозҳое, ки субзона аз пардохти он озод нест, ба буҷаи ноҳияи Ишкошим меравад, чунки идораи асосӣ ва маркази минтақаи озоди иқтисодӣ дар ноҳияи Ишкошим ҳаст ва мемонад.

Дар мавриди ҷанбаҳои мусбату манфии минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим ва мушкилоти он Файзов гуфт, яке аз сабабҳои ташкили Минтақаи озоди иқтисодии "Ишкошим" ба ғайр аз мавҷуд будани майдон, ҳамчунин имкониятҳои мусоиди табиии ноҳия, минҷумла дар самти кишоварзӣ, сайёҳӣ, саноати кӯҳӣ ва ғайра мебошад.

Файзов ба мансабдорон: ҳақиқатро ба мардум гӯед, бардурӯғ умедвору саргардон накунед

“Имрӯз Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро фақат роҳи тавассути сарҳади ноҳияи Ишкошим метавонад ба Чин пайваст кунад. Роҳ аз сарҳади Тоҷикистон то шаҳри Файзободи Афғонистон ҳамагӣ 187 км аст. Ба замми ин, дар гузашта мардуми Бадахшон маводи асосии зиндагии худро аз шоҳроҳи Қошқар, Зебок, Файзобод ва Читрол ба воситаи қисмати "Шоҳроҳи абрешим" мегирифтанд. Бинобар ин ташкили зонаи озоди иқтисодӣ дар ноҳияи Ишкошим айни муддао буд”, - тавзеҳ додааст ӯ.

Раиси ВМКБ иштибоҳи асосӣ дар масъалаи интихоб ва рушди минтақаи озоди иқтисодии Ишкошимро дар он гуфт, ягон сармоягузор дар мавзее, ки инфрасохтори дуруст - роҳ, барқ, интернет, обу ташноб, меҳмонхонаҳо ва ғайраҳо надорад, маблағгузорӣ намекунад.

“Бинобар ин дуруст қайд карданд, то даме ки роҳи Хоруғ - Ишкошим таъмир ва бехатар нагардад ва то роҳи Ишкошим - Харгушӣ - Аличур навсозӣ нашуда, интернет ва дигар хизматрасониҳои зарурӣ таъмин нагарданд, ин зонаро ба таври зарурӣ рушд додан ғайриимкон мебошад. Ҳамаи ин корҳо дар нақша ҳастанд, вале ин маблағи зиёдро талаб мекунад”, - таъкид кардааст Файзов.

Ӯ илова намуд, ки ҳамагон ба умеди суботи вазъияти сиёсии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буданд, ки мутаассифона, ин ғайриимкон гардид.

Ҷаласаи фаврии Ёдгор Файзов: камчинии техникаи роҳсозӣ дар ВМКБ боиси ташвиш аст

“Купруки наздисарҳадӣ ду сол мешавад, ки баста аст, новобаста аз оне, ки мо пофишориҳои зиёд кардем, лекин ҳанӯз ҳам баста мебошад”, - иттилоъ додааст раиси ВМКБ.

Бо зикри ин далелҳо Файзов афзуд, аз ҳамин лиҳоз иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилоят дар соли 2018 тасмим гирифт, ки корро дар ноҳияи Ишкошим идома диҳад, вале субзонаҳои онро дар дигар ноҳияҳои вилоят мисли мавзеи Теми шаҳри Хоруғ сомон диҳад. Мавзеи Тем ба шаҳри Хоруғ наздик аст ва дастрасӣ бо интернет ва дигар хизматрасониҳои майишӣ, роҳ, бозори дохилӣ дорад.

Ин шарҳи Файзов дар ҳоле ироа гардид, ки гуруҳи сокинони ВМКБ аз тасмим барои кӯчондани МОИ “Ишкошим” ба Хоруғ изҳори норозигӣ карданд.