ДУШАНБЕ, 26 фев— Sputnik. Имрӯз гурӯҳи намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва корпусҳои дипломатии Тоҷикистон аз вазъи роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ дидан намуданд, иттилоъ додааст ожонсии “Ховар”.
Манбаъ афзудааст, ки дар якҷоягӣ намояндагони Иттиҳоди Аврупо, Барномаи рушди СММ, Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ, Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди Авруосиё, Ташкилоти Оғохон оид ба рушд, САҲА ва Хазинаи байналмилалии асъор дар Тоҷикистон аз вазъи роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ — қитъаи Варзоб дидан намуданд.
Сафари мазкур бо ташаббуси вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва нақлиёти Тоҷикистон сурат гирифта, меҳмононро намояндагони ин вазоратҳо, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Тоҷикистон ҳамроҳӣ намуданд.
Меҳмонон ба минтақаҳои аз офатҳои табиӣ, аз ҷумла тармафароӣ осебпазир таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба онҳо моҳият ва зарурати бунёди долонҳои иловагии зиддитармавӣ (галереяҳо) шарҳу тавзеҳ дода шуд.
“Ҳадафи асосии сафари имрӯза шинос намудани намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон бо вазъи мавҷудаи роҳи мошингарди Душанбе –Чаноқ ва минтақаҳои аз офати табиӣ осебпазири он мебошад”, - гуфтааст котиби матбуотии филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Тоҷикистон Далери Абдулло.
“Ягона роҳи аз байн бурдани мушкилии мавҷуда - ин бунёди долонҳои зиддитармавӣ (галереяҳо) мебошад. Дар ин самт филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Тоҷикистон якҷо бо мақомоти марбутаи мамлакат ҳамкории судманд ба роҳ мондааст”,- илова намуд Далери Абдулло.
Дар суҳбат гирди “мизи мудаввар”, ки дар интиҳои боздид доир гардид, муовини якуми Вазири нақлиёти Тоҷикистон, масъулини Ширкати IRS, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ оид ба масъалаи тармафароӣ, рӯх додани дигар намудҳои ҳолатҳои фавқулода ва дигар мушкилоти ҷойдошта сухан гуфтанд.
Зикр гардид, ки имрӯз дар ин роҳ 24 долони зиддитармавӣ сохта шуда, барои таъмини бехатарии ҳаракат дар он бунёди 55 долони зиддитармавӣ дигар зарур мебошад.