Ба ҷавони тоҷик ошиқ шуду гум шуд: духтари қазоқ пас аз 19 сол дар Тоҷикистон пайдо шуд

Духтар дар 16-солагиаш ба як ҷавони тоҷик ошиқ мешавад ва бо ӯ ба Тоҷикистон меравад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Дар Душанбе мақомоти ҳифзи ҳуқуқ духтареро пайдо карданд, ки 19 сол пеш дар Қазоқистон гум шуда буд. Дар ин бора Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон хабар додааст.

Ба гуфтаи намояндаи вазорат, моҳи январ вакиле ба ВУХ Қазоқистон муроҷиат кард, ки як модари қазоқ 19 сол инҷониб духтарашро ҷустуҷӯ мекунад. Ба гуфтаи модар, духтараш дар 16-солагӣ ба як ҷавони тоҷик ошиқ шуда, ба Душанбе рафта буд.

"Вазорат барои пайдо кардани зан кори зиёде кард. Мо дар даст танҳо аксе доштем, ки дар он Асал ҳамагӣ 16 сол дошт. Моҳе пеш дипломатҳои мо вайро дар Душанбе пайдо карданд", - мегӯяд дипломат.

Ба гуфтаи вай, духтараки гумшударо ногаҳон дар кӯча консули қазоқ мебинад, духтар бо забони қазоқӣ сӯҳбат намекардасту танҳо бо русӣ гуфтааст, ки номаш Асал аст.

"Консули мо акс ва наворҳои наздиконашро нишон додааст. Асал гиря кардааст. Мо ба вай билет харидем ва ҳуҷҷат омода кардем, ки ба Қазоқистон баргардад", - мегӯяд намояндаи вазорат.

Духтар ба пеши наздиконаш баргаштааст.

Гуфта мешавад, ин ҳама 19 сол духтар бидуни ягон ҳуҷҷат дар Тоҷикистон зиндагӣ мекард. Дар ин вақт ба ҷавони ошиқаш шавҳар кардаасту ҷудо шудааст.