Давлат Худоназаров дар ҷашнвораи киноҳои мусалмонӣ дар Қазон иштирок мекунад

Коргардони тоҷик Давлатназар Худоназаров тасдиқ кард, ки дар XV-умин ҷашнвораи байналмилалии киноҳои мусалмонӣ, ки аз 24 то 30 апрел дар Қазон баргузор мегардад, иштирок хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Моҳи апрели соли равон дар Қазон XV-умин ҷашнвораи байналмилалии киноҳои мусалмонӣ баргузор мегардад, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ташкилоти баргузоркунандаи ин чорабинӣ.

Филмҳои тоҷикӣ дар Ҷашнвораи синемои мусулмонӣ дар Қазон ширкат мекунанд

Бо дастгирии сарвари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Миннихонов XV-умин ҷашнвораи байналмилалии киноҳои мусалмонӣ аз 24 то 30-уми апрели соли ҷорӣ баргузор мегардад.   

Дар чаҳорчубаи таҷрибаи 15 солааш ин ҷашнвора ҳайати ҳакамонҳои солҳои гузаштаро дар Қазон ба ҳам меоварад. Дар ин ҷашнвора иштирокчиён намунаи филмҳои беҳтаринашонро дар мавзӯҳои исломӣ ба намоиш мегузоранд.

Алакай қарори иштирокашро дар ин ҷашнвора Давлат Худоназаров коргардони даврони Шӯравӣ, оператор, ҳодими машҳури сиёсӣ ва ҷамъиятии тоҷик, ҳунарманди халқии Тоҷикистони Шӯравӣ, гирандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистони Шӯравӣ, тасдиқ кардааст.

 Бояд қайд кард, ки ҷашнвораи байналмиллалии киноҳои мусулмонии Қазон - яке аз ҷашнвораҳои бузурги синамои Тотористон мебошад, ки шурӯъ аз соли 2005 соле як маротиба баргузор мегардад.