Сарозер шудани 9 усто дар бинои масҷиди нав аз баландии 60 метр ба замин

Ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ дар боми гунбази масҷиди марказӣ дар шаҳри Душанбе 9 коргар аз баландии 60 метр ба замин сарозер шуда, 8 нафари онҳо бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхона интиқол ёфтаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Имрӯз ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ дар боми гунбази бинои нави масҷиди марказӣ дар шаҳри Душанбе 9 коргар аз баландии 60 метр ба замин афтодаанд, иттилоъ додааст котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ.

 “Ҳангоми кор зинапояи зери пои ин коргарон шикастааст ва коргарон аз баландии 60 метр ба замин сарозер шудаанд. Алҳол 8 нафари онҳо бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба беморхона интиқол ёфтаанд”, - гуфт Юсуфӣ.

Ба гуфтаи вай як нафар аз афтидагон баъди ёрии аввалин бо хоҳиши худ дар беморхона монданро инкор кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ аз сохтмони Масҷиди марказии Душанбе боздид карданд

Масҷиди бузурги ҷомеи шаҳри Душанбе дар кӯчаи Низомии Ганҷавӣдар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат хоҳад буд. Масоҳати зери бинои масҷид бошад, 3 гектарро ташкил медиҳад.

Сохтмони ин масҷиди бузург ҳанӯз моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310 - солагии Имоми Аъзам, асосгузори мазҳаби Ҳанафия, ки аксари сокинони Тоҷикистон пайрави ҳамин мазҳабанд, оғоз ёфта буд. Соли 2009 дар Тоҷикистон Соли Имоми Аъзам низ эълон шуда буд.

Тарҳи масҷидро меъморони Тоҷикистону Қатар омода кардаанд ва он аз 4 манораи баландиаш 75 метра ва гумбази 47 метра иборат хоҳад буд.

Барои бунёди ин масҷид, ки бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд, дар умум беш аз 100 миллион доллар сарф мешавад, ки беш аз 70 миллион долларашро Қатар медиҳад.

Ҳамчунин дар паҳлуи масҷид бинои нави Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит дар майдони қариб 3 гектар барои 1500 толибилм қомат хоҳад афрохт. Бинои донишкада аз 7 қабат ва 5 қисм ё блок иборат хоҳад буд. Барои сохтмони Донишкадаи исломӣ ҳукумат 136 миллион сомонӣ, ё қариб 15 миллион доллар ҷудо кардааст. Санги асоси сохтмони онро Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30 майи соли 2018 гузошт.