ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Бар асоси эълони ширкат, ки баъди зуҳри имрӯз нашр гардид, ҳаракат дар масири Душанбе – Хуҷанд мувофиқи реҷа - се соат аз як тараф ва се соат аз тарафи дигар роҳандозӣ шудааст.
IRS, ки рӯзи гузашта дар пайи барфрезии шадид аз мутаваққиф шудани ҳаракат дар масири Душанбе-Хуҷанд иттилоъ дод, субҳи имрӯз эълон кард, ки ҳаракат аз пойтахт ба тарафи шимоли кишвар оғоз шудааст. Нисфирӯзи 21 феврал IRS хабар дода буд, ки ҳаракати тамоми намуди воситаҳои нақлиёт аз самти Хуҷанд ба Душанбе низ имконпазир шудааст, аммо дар назар аст реҷаи ҳаракат муайян гардад.
Ин ширкат ҳушдор додааст, ки ҳанӯз ҳам хатари фаромадани тарма вуҷуд дорад ва аз ронандагон даъват намудааст, эҳтиёткор бошанд.
Дар ҳамин ҳол Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар кишвар барфрезӣ дар назар аст.