IRS: интизор меравад, ки дар роҳи Душанбе - Хуҷанд реҷаи ҳаракат роҳандозӣ шавад

Ширкати IRS мегӯяд, роҳи Душанбе - Хуҷанд кушода шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. IRS, ки рӯзи гузашта дар пайи барфрезии шадид аз мутаваққиф шудани ҳаракат дар масири Душанбе-Хуҷанд иттилоъ дод, субҳи имрӯз эълон кард, ки ҳаракат аз пойтахт ба тарафи шимоли кишвар оғоз шудааст. Нисфирӯзи 21 феврал IRS хабар дод, ки ҳоло ҳаракати тамоми намуди воситаҳои нақлиёт аз самти Хуҷанд ба Душанбе низ имконпазир аст.

Обуҳавошиносон дар Тоҷикистон барфрезӣ пешгӯӣ карданд

“Дар назар аст реҷаи ҳаракат муайян гардад”, - таъкид кардааст IRS.

Ин ширкат ҳушдор додааст, ки ҳанӯз ҳам хатари фаромадани тарма вуҷуд дорад ва аз ронандагон даъват намудааст, эҳтиёткор бошанд.

Дар ҳамин ҳол Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар кишвар барфрезӣ дар назар аст.