ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллии Санкт Петербург, ҳодиса шоми 19-уми феврал дар сохтмони маҷмааи истиқоматии “Шувалский деэт” дар кӯчаи Заречний рух додааст.
19 феврали 2019, 17:55
“Ҷавони 26-солаи тоҷик ба гузаргоҳи лифт сарозер шуда, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштааст. Аз ҷумла майнаи сар, сутунмуҳра, шона ва рони ӯ шикаста, феълан дар шуъбаи эҳёи беморхонаи рақами 3 бистарӣ мебошад”, - иттилоъ додаанд расонаҳои Санкт Петербург.
Расонаҳо бар асоси иттилоияи пешакӣ сабаби рух додани ин нохуширо беэҳтиётӣ мегӯянд, аммо хулосаи ниҳоиро таҳқиқот муайян мекунад.