ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси Суғд, қарори мазкур бо назардошти саҳми кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоят дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, тарғибу ташвиқи ғояҳои истиқлолият қабул гардидааст.
“Раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят иди касбии рӯзноманигорон ва коркунони муассисаҳои табъу нашрро дар сатҳи баланд таҷлил намуда, барои дастгирии моддию маънавии нашрияҳои маҳаллӣ, рӯзноманигорон ва кормандони матбааҳо тадбирҳои амалӣ андешида, собиқадорони матбуот тибқи рӯйхат аёдат карда шаванд”, - омадааст дар қарори Аҳмадзода.
Инчунин раёсати вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилояти Суғд ба номи Ҳоҷӣ Содиқ озмун эълон кардааст.
“Ба озмун кормандони васоити ахбори омма, ки узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, камаш панҷ сол ба аъзогӣ шомил ҳастанд ва дар расонаҳои хабарии маҳаллӣ фаъолият доранд ё аз нашрияҳои марказӣ ва хориҷӣ дар вилоят намояндагӣ мекунанд, метавонанд ширкат варзанд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ дар рӯзи таҷлили ҷашни матбуоти тоҷик ба ғолиби озмун супурда мешавад.