Олимӣ: Кумитаи занон омода аст тоҷик заноне, ки ба Ватан бармегарданд ба кор таъмин намояд

Муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ гуфт ба заноне, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ бармегарданд ба кор таъмин мекунанд
Sputnik

Ба гуфтаи Олимӣ солҳои ахир Кумитаи кор бо занон ва оилаи бо ҷамъиятҳои муҳоҷирони тоҷик равобити хуб ба роҳ мондааст.

Олимӣ: Кумитаи занон омода аст тоҷик заноне, ки ба Ватан бармегарданд ба кор таъмин намояд

“Мо бо ҷамъиятҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла бо занон дар шаҳрҳои гуногуни Русия вохӯрӣ гузарондем”, - таъкид намуд Муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ.

Ва қайд намуд, ки Кумита ба занон муҳоҷири тоҷике, ки ба Ватан бармегарданд кумак мерасонад.

Се мушкилии асосии бонувон дар Тоҷикистон: посухи Кумитаи занон

“Мо ҳоло шоҳиди он ҳастем, ки раванди баргашти занони муҳоҷир хориҷ аз кишвар зиёд шудааст. Ма ба занон кумаки ҳуқуқӣ мерасонем ва бо кумаки Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон занонро ба кор таъмин менамоем. Азбас ки ин ба ваколати мо дохил намешавад, мо занонро барои ҳалли мушкилоташон ба дигар вазорату идораҳо равон мекунем”, - афзуд Олимӣ.

Ба гуфтаи вай, занони тоҷик имрӯз бо се мушкилии асосӣ, аз ҷумла одатҳои рафтор бо онҳо ва хушунат дар оила рӯ ба рӯ мешаванд.

Барои беҳтар намудани зиндагии занон бояд қонунгузории ҷорӣ  иваз карда шавад. Ба ҳамин хотир соли гузашта дар назди Дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст.