Азми табибони Тоҷикистону Тотористон барои роҳандозии ҳамкории онлайнӣ

Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо гурӯҳи табибони Тотористон, ки дар Душанбе қарор доранд, табодули таҷрибаро баррасӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон, Умарзода зимни мулоқот ҳавасмандӣ барои ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустии Тотористонро баён дошта, дар бораи вазъи муолиҷа, ҷарроҳиҳои чашм, дил ва асаби кӯдакона дар кишвар маълумот дод.

Вазорати тандурустӣ ба беш аз 82 ҳазор оилаҳои камбизоат ҷубронпулӣ додааст

“Мо метавонем дар бахши илми тиб бо ҳамтоёни тоториамон ҳамкорӣ намуда, дар ин самт аз ҳамдигар омӯзем, ба муассисаҳои тиббии ҳамдигар мутахассисонро барои таҷрибаомӯзӣ равона созем”, - изҳор доштааст Умарзода.

Алла Гумерова, муовини сардухтури Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии кӯдаконаи Вазорати тандурустии Тотористон мақсади ташрифи худ ва ҳамроҳонашро ба Тоҷикистон, роҳандозии ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла дар самти саломатии кӯдакон унвон намуд.

“Беморхонаи мо дар самти муолиҷаи кӯдакон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Мо метавонем бо табибони тоҷик дар гузаронидани ҷарроҳиҳои кӯдакона, аз ҷумла, ҷарроҳиҳои дил, чашм ва асаб, додани машваратҳо, гузаронидани курсҳои омӯзишӣ ҳамкорӣ намоем ва инчунин аз таҷрибаи табибони тоҷик низ омӯзем”, - таъкид кардааст Гумерова.

Ӯ афзудааст, ки мехоҳанд дар оянда бо табибони тоҷик тибби онлайниро ба роҳ монанд ва ба Тоҷикистон наомада, аз кишвари худ бо табибони тоҷик бо тариқи онлайнӣ дар муолиҷаи кӯдакон машварат намоянд.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, гурӯҳи табибони Тотористон се рӯзи дигар дар Тоҷикистон бо ҳамтоёни худ вохурӣ ва машваратҳо доир намуда, дар назар аст, ки бо муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ созишномаҳои ҳамкорӣ банданд.