ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Раёсати ВУД Душанбе, 11 феврал тариқи телефони боварӣ – 221 15 00 шаҳрванд Носирова Сарагул Абдуллоевна, роҳрӯби 56-сола дар ноҳияи Сино муроҷиат карда, арз доштааст, ки як ронандаи “Мерседес” ӯро дашноми қабеҳ додааст.
Носирова изҳор доштааст, ки ӯ ба рӯфтани роҳу ҷӯйбор дар кӯчаи Ҳаёти Нав машғул будааст ва ронандаи “Мерседес-Бенс”, ки бо суръати баланд ҳаракат мекард, дар наздикияш истода, ӯро дар халал расондан ба ҳаракат айбдор хонда, дар назди дигарон таҳқир кардааст.
“Бо бурдани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ронандаи автомашинаи “Мерседес бенс”, рақами қайди давлатиаш 0054 АК 01, шаҳрванд Ширинов Абдуқодир Обидович, соли таваллудаш 1975, зодаи шаҳри Бохтар муайян ва боздошт карда шуд”, - омадааст дар иттилоияи РВУД.
Манбаъ афзуд, бо иттиҳоми майдаавбошӣ алайҳи Ширинов парванда боз гардида, ба додгоҳ ирсол шуд.
“Дар раванди баррасии судӣ, шаҳрванд Абдуқодир Ширинов ба кирдори содирнамудаи худ пурра иқрор шуда, иброз дошт, ки дар ҳақиқат санаи 11-уми феврал ҳангоми идораи воситаи нақлиёт дар кӯчаи Ҳаёти Нав тақрибан соати 12:30 дақиқа, воситаи нақлиёти худро бо суръати баланд идора намуда, нисбати зани 56-солаи роҳрӯб таҳқиру дашномҳои қабеҳ намудааст”, - илова намуд раёсати умури дохилии Душанбе.
Додгоҳ муттаҳам Ширинов Абдуқодирро гунаҳкор дониста, ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 385 сомонӣ ҷарима бастааст.