Зиёда аз 1000 кӯдак дар Тоҷикистон гирифтори бемории саратон будаанд

Аз се як кӯдаки гирифтори бемории саратон аз падару модари ба ҳам хеш ба дунё омадааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон беш аз ҳазор тан кӯдаки мубтало ба бемории саратон сабт шудаанд, иттилоъ додааст ТоҷикТА.

Нақши зеҳни сунъӣ дар муолиҷаи бемориҳои саратон

Моҳира Умарова, раиси бахши бемориҳои саратони маркази илмӣ-саратонии Тоҷикистон гуфт, ки ҳамасола 200-250 тан бемор ба бемористони кӯдакони саратони Душанбе муроҷиат мекунанд. Дар ҳоли ҳозир, афзоиши мубталошавии кӯдакон на танҳо дар Тоҷикистон, балки, дар сартосари ҷаҳон мушоҳида мегардад.

Саратон яке аз бемориҳои аслии марги кӯдакону наврасон дар ҷаҳон ба шумор меравад. Бар асоси додаҳои Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ҳамасола ҳудуди 300 ҳазор тан кӯдаки то синни 19-солааз ин беморӣ мегузаранд.

Хӯрокхӯрии носолим, тобиши радиактивӣ, вирусҳои гуногун аз авомили рушди саратон аст, вале, ирсият ва издивоҷҳои миёни хешовандон сабаби аслии ин беморӣ мебошад.

Коршинос гуфт, “Ҳар савум-чаҳорум кӯдаке, ки бо ин беморӣ ба марказ меояд, аз падару модари ба ҳам хеш ба дунё омадааст. Дар бархе аз кӯдакон беморӣ ҳанӯз дар батни модараш рушд мекунад. Дар мароҳили аввали беморӣ имкони сиҳҳатшавии кӯдак бештар аст, дар марҳилаҳои савум ва чаҳорум наҷоти кӯдак кӯшиши бисёр мехоҳад. Ҳудуди 90 дарсади кӯдакони бемор дар маркази саратони Душанбе даво меёбанд”.