Обуҳавошиносон: имрӯз дар аксари манотиқи Тоҷикистон барфу борон меборад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳавои  абрнок шуда, боридани борон ва барф   дар назар аст. Ҳаво шабона 0-2 ва рӯзона 1 — 3 дараҷа гарм мешавад.

Ҳавои сард, барф ва фаромадани меғ: обуҳавошиносон аз сафарҳои бемаврид ҳушдор медиҳанд

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво абрнок шуда, борону барф меборад.   Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5  ва    рӯзона 1-6  дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар  кӯҳҳо  шабона 1-6 дараҷа сард шуда,  рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3  дараҷа гарм мешавад.

Дар ВМКБ ҳаво абрнок шуда, боридани барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа сард шуда, рӯзона  ҳаво аз  1 дараҷа сард то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  15-20  ва  рӯзона 3-8  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд   ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад. Ҳаво  дар водиҳо шабона  1-6  ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм  мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4-9 дараҷа сард  шуда,  рӯзона  аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  низ  ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 10-15  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм шуда,    рӯзона аз  1  дараҷа  хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.