Бунёди майдони парчам ва боғи фароғатӣ дар ноҳияи Деваштич

Бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич майдони Парчами давлатии Тоҷикистон ва Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Деваштич бунёд хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik.  Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 15 феврал ба корҳои сохтмонии майдони Парчами давлатии Тоҷикистон ва Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Деваштич оғоз бахшид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати Суғд.  

Майдони Парчами давлатии ва Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Деваштич бо маблағгузории ҳукумати вилоят дар масоҳати 1,6 гектар бунёд хоҳад гашт.

Бунёди майдони парчам дар ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

“Тибқи лоиҳа сутунпояи Парчами давлатӣ 50 метрро ташкил медиҳад ва дар майдони Парчам ва Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Деваштич бунёди нишастгоҳу фаввораҳо ва гулгаштҳо ба нақша гирифта шудааст”, -таъкид намудааст манбаъ.

Инчунин,  раиси вилоят аз рафти корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ноҳияи Деваштич ошно шуда, бо ҷараёни навсозии бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17 ва сохтмони бинои Маркази адлия шинос гардид.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17, ки дорои 22 синфхона аст, солҳои 80-уми асри гузашта сохта шуда, аз соли 2003 инҷониб таъмир нагардида буд. Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бо ибтикори роҳбарияти вилоят бинои муассисаи таълимӣ ба таъмиру навсозӣ фаро гирифта шуд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки то имрӯз 60 дарсади корҳои навсозӣ ба анҷом расонида шудааст.