Пас аз рафтани Артиши Шӯравӣ аз Афғонистон дар соли 1989 ҷанг дар кишвар ба итмом нарасид, балки шакли дигар гирифт. Дар Афғонистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд. Муҷоҳидон бо ҳамдигар ҷанг мекарданд. Гурӯҳи мухолифони исломии "Толибон" рӯирост ба идораи кишвар даъво мекард.
Силоҳҳое, ки ИМА барои мубориза бо СССР дастрас карда буд, қумондон зидди ҳамдигар истифода мебурданд.
Дар ин ҷанг пеш аз ҳама сокинони осоишта зарар диданд.
Иншоотҳои истиқомативу нақлиётӣ дар кишвар хароб шуданд, дар ҷанг касе аз пайи ободонӣ набуд, маблағ ҳам намерасид.
Дар навор аз солҳои 1994-1996 дида мешавад, ки одамон дар бозорҳои Кобул, Ҳирот, Мазори Шариф савдо мекунанд. Бозор ба вазъияти ҷангӣ нигоҳ накарда, серодамтарин ҷой дар кишвар аст.