ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Маъмурини милиса дар умури экология Шуҳрат Табаров, сокини 38-солаи шаҳри Ваҳдат, Раҳмоналӣ Тоирови 29-сола, Баҳрулло Тоирови 32-сола ва Диловар Гулови 31-сола, сокинони шаҳри Норакро бо иттиҳоми шикори ғайриқонунӣ дастгир кардаанд.
Тибқи иттилои ВУД, номбурдагон дар мавзеи деҳаи Ёсии дараи Ромит ба шикори ғайриқонунии хуки ёбоӣ машғул шуда, аз онҳо 6 сар хуки ёбоии шикоркардашуда дарёфт ва гирифта шуд.
Манбаъ бо такя ба маълумотномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон зарари ба табиат расонидашударо 6600 сомонӣ арзёбӣ карда, афзуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.