Таъин ба мансабҳои давлатӣ: Ожонси зидди фасод 62 ҳолати “хешутаборчигӣ”-ро ошкор кард

Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон 62 ҳолати ба истиллоҳ “хешутаборчигӣ” дар ниҳодҳои давлатиро ошкор кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, бар асоси моддаи 9-и қонун “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” хизмати якҷоя ва таъини хешовандони наздик ба мансабҳои давлатӣ ё ба мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда манъ мебошад.

Боздошти муфаттиши калони ВУД аз сӯи Ожонси зидди фасод

Манбаъ афзуд, ки 62 ҳолати вайрон намудани талаботи Қонуни мазкур ошкор карда шуда, барои бартараф намудани онҳо чораҷӯӣ карда шудааст.

Бар асоси қонуни мазкури Тоҷикистон, шахс наметавонад ба мансабҳои давлатие таъин гардад, ки бевосита дар итоат, таҳти назорат ё ҳисоботдиҳанда ба мансабҳое бошад, ки онро хешовандони наздики ӯ ишғол кардаанд.

Тибқи қонун “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” хешовандони наздик – зан, шавҳар, фарзандон, падару модар, бародарон, хоҳарон, инчунин падару модар, бародарон, хоҳарон ва фарзандони зан, ё шавҳар, қудоҳо, келинҳо, домодҳо, ҳамчунин дигар шахсоне мебошанд, ки бо шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахси ба он баробар кардашуда якҷоя зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ мебаранд.