ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Вазири умури хориҷӣ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, Тоҷикистон бо Туркманистон дар ҳамаи бахшҳо, аз сиёсат то масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ҳамкории хуб дорад ва сабаби дармондани мошинҳо барояш маълум нест.
“Чунин мушкилот набояд миёни кишварҳои дӯсту бародар мавҷуд бошад”, - изҳор дошт Сироҷиддин Муҳриддин.
Ӯ зикр кард, ки соли 2017 миёни Тоҷикистону Туркманистон аҳднома дар бораи шарикии стратегӣ имзо шуд, ки бар асоси он ҷонибҳо уҳдадоранд барои якдигар мушкилоте эҷод накунанд.
“Уҳдадорем ягон мушкилотро барои якдигар насозем. Мо дар чаҳорчӯбаи дигар созишномаҳо низ бояд ба ҳамдигар кӯмак кунем дар мушкил эҷод мекунем”, - афзуд вазир.
Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки ояндаи наздик ҷониби Туркманистон далели ин мушкилро шарҳ медиҳад ва он бартараф хоҳад шуд.
Қаблан Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ронандаҳо машварат дода буд, ки аз ду роҳи алтернативӣ ба воситаи - Ҳироти Афғонистон ва Озарбойҷон истифода баранд.
Ин дар ҳолест, ки даҳҳо мошини боркаши самти Тоҷикистон дар марзи Туркманистон дармондаанд. Вазорати нақлиёт ба ронандаҳо машварат додааст, ки аз ду роҳи алтернативӣ ба воситаи Ҳироти Афғонистон ва Озарбойҷон истифода баранд.
Бори аввал нест, ки Туркманистон транзити фураҳои боркаш ва вагонҳои роҳи оҳани Тоҷикистонро манъ мекунад.
Моҳи августи соли 2018 низ ронандаҳои тоҷик дар марзи Эрон бо Туркманистон дармонданд. Он вақт низ Туркманистон сабаби ин қазияро расман шарҳ надода буд. Дертар дар мактуби расмӣ Ашқобод ин қазияро ба далоили амниятӣ рабт дод.