ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво шабона 2-4 ва рӯзона 10-12 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар баландкӯҳҳо барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар кӯҳҳо шабона 2-7 дараҷа сард шуда, рӯзона ҳарорат ба -2+3 дараҷа мерасад.
Дар ВМКБ ҳавои абрнок шуда, боридани барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа сард шуда, ҳарорат рӯзона ба -2+3 дараҷа мерасад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона 7-12 дараҷа сард мегардад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар баландкӯҳҳо барф меборад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4-9 дараҷа сард шуда, ҳарорат рӯзона ба -2+3 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар доманакӯҳҳо борон ва барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳарорат шабона ба -4+1 дараҷа расида, рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.