ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Азизов, ки то ҳол вазири мудофиаи Узбакистон буд, бо фармони раисиҷумҳур раиси Хадамоти амнияти давлатӣ таъин гардид, иттилоъ додааст Sputnik Узбакистон.
10 феврали 2019, 13:09
Ихтиёр Абдуллоев, ки аз январи соли гузашта дар ин мақом кор мекард, бо сабаби вазъи саломатӣ барканор шудааст.
Манбаъ афзуд, вазири нави мудофиаи Узбакистон Баҳодур Қурбонов таъин гардид. Ӯ то ҳол муовини вазири мудофиаи ин кишвар будааст. Қурбонов дар мақоми муовини вазири мудофиа аз моҳи феврали соли гузашта фаъолият доштааст.