Эзидёр ду мушкили муштараки Тоҷикистону Афғонистонро ном бурд - видео

Муҳаммад Олам Эзидёр, муовини раиси Мишрано Ҷирга, маҷлиси болоии парлумони Афғонистон дар бораи муштаракот бо Тоҷикистон ва ду таҳдиди асосӣ дар марзи ду кишвар суҳбат кард
Sputnik

Муҳаммад Олам Эзидёр аз муштаракоти фарҳангӣ, динӣ ва таърихии Тоҷикистону Афғонистон зикр карда, таъкид намуд, ки дар равобити мардуму давлати ин ду кишвар ҳеч мушкиле нест.

Ӯ боз будани роҳи мошингард, пулҳо ва фаъолияти бозорҳои наздимарзиро таъкид карда, илова намуд, ки Афғонистон ҷонибдори густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон мебошад.

Ба гуфтаи Эзидёр, ду масъалаи асосӣ, ки боиси нигаронии Тоҷикистону Афғонистон шудаанд ва таҳдид ба тамоми минтақа мебошанд, ин фаъолияти террористҳо ва нашъаҷаллобон мебошад.

Ноиби раиси палатаи болоии парлумони Афғонистон гуфт, созмонҳои террористии Толибу “ДОИШ” “Алқоида” ҳеч фарқе аз ҳам надоранд, таҳдид ба минтақа мебошанд.

Ӯ гуфт, ба ҳайси намояндаҳои мардумӣ аз ҳукумати Афғонистон талаб карда буданд, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар диҳанд ва бо Тоҷикистону кишварҳои дигари минтақа ҳамкорӣ кунанд.