Шукурҷон Зуҳуров ва Ҷониш Рустенбеков чиро баррасӣ намуданд?

Дар мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров ва Ҷониш Рустенбеков масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстию ҳамсоягии наку ва ҳамкории судбахш баррасӣ шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik.  Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо Сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Ҷониш Рустенбеков мулоқот намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти парлумони кишвар.

Пешниҳоди сафири Қирғизистон ба вазири фарҳанги Тоҷикистон

Зимни мулоқот Шукурҷон Зуҳуров таъкид намуд, ки муносиботи дӯстӣ ва ҳамшарикии Тоҷикистону Қирғизистон минбаъд таҳкиму густариши бештар пайдо хоҳанд кард.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин афзуд, ки заминаи ҳуқуқию қарордодии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро 98 санад ташкил медиҳад, ки дар давоми солҳои 1993-2018 ба имзо расидаанд.

“Санадҳое, ки байни ду кишвар ба имзо расидаанд, заминаи мустаҳкаме барои рушди муносибатҳои дуҷониба дар тамоми соҳаҳо ва дар асоси ҳамдигарфаҳмии судманд ба шумор мераванд. Дар айни замон, беш аз 10 лоиҳаи ҳуҷҷатҳо дар баррасии ҷонибҳо қарор дорад”, - гуфт Зуҳуров.

Инчунин Зуҳуров зимни мулоқот гуфт, ки нақши парлумонҳои ду кишвар дар таҳкими ҳамкориҳои гуногунсоҳаи кишварҳои якдигар хеле муҳим ва назаррас мебошад.

Вузарои хориҷаи Тоҷикистону Қирғизистон боз масъалаи марзиро баррасӣ карданд

“Аз ин рӯ, мо бояд ҳарчи бештар робитаҳои байнипарлумонии мамлакатҳоямонро тақвият бахшем”,- қайд намуд раиси парлумони Тоҷикистон.

Вай фаъол будани гурӯҳи дӯстӣ байни парлумонҳои Тоҷикистону Қирғизистонро қадами бисёр муҳим барои тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ ва дар ин замина густариши дигар соҳаҳои ҳар ду кишвар арзёбӣ кард.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба ҷанбаҳои гуногуни робитаҳои бисёрпаҳлӯи Тоҷикистону Қирғизистон  гуфтугӯй судманд сурат гирифт.