Боздошти боз як дузди мошин дар пойтахти кишвар

Кормандони милитсия шаҳри Душанбе бо гумони дуздии мошин марди 27-солаи сокини пойтахтро дастгир намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik.  Ба кормандони ноҳияи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе марди 42 сола шикояте бурдааст, ки шахсони номаълум шишаи мошинашро шикаста аз дохили мошин 250 сомонӣ ва ҳуҷатҳои мошинро дуздиданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон.

Бонувони мошиндузд “Опел”-ро дӯст доштаанд

“Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 42-солаи сокини кӯчаи Назаршоеви ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки шаби 28 ба 29-уми январи соли 2019, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ тирезаи автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра”-ро, ки дар назди хонаи истиқоматиаш беназорат гузошта шуда буд, шикаста аз дохилаш 250-сомонӣ ва ҳуҷатҳои автомашинаи мазкурро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”, - хабар додааст манбаъ.

Бино бар иттилои манбаъ, дуздони мошин ба марди 42 сола дар ҳаҷми се ҳазор сомонӣ зарар расониданд.

Кормандони милиса ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи пойтахт аз рӯи ин ҳодисаи мазкур тафтишотро идома доранд.