ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Усмонзода гуфт, дар доираи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” чор нишондиҳандаи асосӣ бояд таъмин гарданд.
Ӯ ахиран дар парлумон изҳор дошт, ки то соли 2030 бояд иқтидорҳои тавлиди неруи барқ ба 10 ҳазор мегаватт ва ҳаҷми содироти неруи барқ ба 10 миллиард киловат/соат расонда шавад.
Вазир илова намуд, ки инчунин талафоти техникии неруи барқ бояд то 10 фоиз кам гарданд.
Усмонзода афзуд, ки бар асоси Стратегияи миллии рушд инчунин таъмини 10 фоизи иқтидорҳои мавҷуда аз дигар манбаъҳои барқароршавандаи неруи барқ дар ҳаҷми 500 миллион киловат/ соат пешбинӣ гардидааст.