Тоҷикистон имкониятҳои иқтисодиашро дар Саммити иқтисодии кишварҳои Авруосиё муаррифӣ кард

Рӯзҳои 6-7 феврали соли равон бо ташаббуси Бунёди тадқиқоти стратегӣ ва иҷтимоии “Мармара” 22-юмин Саммити иқтисодии кишварҳои АвруОсиё дар шаҳри Истанбул баргузор гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Бино бар иттилои Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбули Туркия ҳайати Тоҷикистонро дар саммити иқтисодии кишварҳои АвруОсиё муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Гулрӯ Ҷабборзода муаррифӣ намуд.

Инчунин, дар саммити мазкур мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои иқтисод, сармоягузорӣ, обу энергетика,  илмӣ ва фановарӣ баргузор шудааст, ки дар он намояндагони ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуданд.

Коршинос: эҳтимоли вуруди Тоҷикистон ба Иттиҳоди АвруОсиё бузург нест

Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон доир ба стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то давраи соли 2030, имкониятҳои сармоягузорӣ дар иқтисодиёти кишвар,  лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, аз ҷумла оғози фаъолияти агрегати аввали Неругоҳи барқи обии “Роғун”, “CASA-1000”, минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ва эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ маълумот дод.

Манбаъ иттилоъ додааст, ки дар кори саммити мазкур роҳбарони баъзе аз давлатҳои хориҷӣ, Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия, Муовини Президенти Туркия, аъзои ҳукумати кишвари иқомат, вакилони мардумӣ, инчунин доираи соҳибкорон, сармоягузорон ва намояндагони ширкатҳои бузург аз кишварҳои Аврупо ва Осиё иштирок доштанд.