Хашми вазири Узбакистон аз иддао дар бораи ҳамлаи Толибон ба Осиёи Миёна

Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷии Узбакистон иддао дар мавриди ҳамлаи Толибон ба Осиёи Марказиро хашмбарангез хонда, гуфт, чунин даъвоҳои бедалелро 25 сол боз мешунавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Комилов мегӯяд, иддаои ҳамлаи ҷангҷӯёни Толибон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, на танҳо норозигӣ, балки хашмбарангезанд, иттилоъ додааст расонаи gazeta.uz.

Ҷаримаи собиқ сарбоз барои суҳбат бо ҷангҷӯи “Толибон” дар “Одноклассники”

Ба иттилои манбаъ, вазир таъкид кардааст, ки ҳеч далеле барои чунин изҳорот мавҷуд нест.

“Дар ҳошияи рақобати кишварҳои бузург иддао садо медиҳанд, ки фардо вазъ дар Осиёи Марказӣ метаркад. Аллакай 25 сол мешунавам, ки Толибон ба Осиёи Марказӣ ҳамла мекунанд, ҷангиён дар шимол ҷамъ шудаанд ва ғайра. Ҳар яке ҳадафҳои худро доранд”, - таъкид кард Комилов.

Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Узбакистон дар сурати роҳ ёфтани Толибон ба идораи Афғонистон, онҳо ниёз ба Узбакистон хоҳанд дошт ва тиҷорату роҳҳои баромад тариқи Тирмизро зикр кард.

Толибон ба Маскав даъват шуданд

Абдулазиз Комилов бо зикри вазъи мураккаб дар Афғонистон таъкид кард, ки ҳар абарқудрате дар мавриди Осиёи Марказӣ консепсияи азхудкунӣ дорад.

“Мо мехоҳем, ки дар минтақа сулҳ, субот, иттиҳод ва рушд бошад ва намехоҳем, ки дар ин раванд бархӯрди бозигарони сахт сурат бигирад. Мехоҳем бо ҳама тавозун нигоҳ дорему ҳамкорӣ кунем”, - таъкид кардааст Комилов.