“Тоҷпромбонк” мехоҳад қарзҳояшро бо амвол баргардонад

Роҳбари маъмурии “Тоҷпромбонк” ҳамаи он миликияте, ки қарздорон баргардонидаанд ба таври музояда мефурушад, то ки амонати муштариёне, ки дар ин бонк маблағгузорӣ карда буданд баргардонад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 фев. — Sputnik. Собиқ-роҳбари “Тоҷпромбонк” Ҷамшед Зиёев, ки дар боздоштгоҳ қарор дорад ба ташкилоти қарзӣ 100 миллион сомониро (зиёдтар аз 10 миллион доллар) дар шакли амвол баргардонидааст, қайд каардааст роҳбари Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

Бонки миллӣ: тақдири "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" ба наздикӣ ҳал мешавад

Вай изҳор доштааст, ки маъмурияти махсуси “Тоҷпромбонк” амволи ҷамъовардаро ба таври музояда ба фурӯш мебарорад, то ки бо ин роҳ қарзашро ба муштариён  баргардонад.

Роҳбари БМТ ҳамчунин қайд кардааст, ки айни ҳол қарзи “Тоҷпромбонк” дар назди аҳолӣ то ба 59 миллион сомонӣ кам шудааст.

Роҳбари муваққатии бонк Тақдир Шарипов дар навбати худ изҳор доштааст, ки ба саҳмдорон амволҳои ҷамъовардашуда пешниҳод карда мешаванд, аммо бисёри онҳо қабул надоранд. Масалан БМТ, Вазорати молия ва Агентии давлатии оид ба ҳифзи сармоя мехоҳанд қарзашонро танҳо дар шакли пул бигиранд.

Мудири "Тоҷпромбонк" 300 ҳазор сомонии бонкро хӯрдааст

Ёдовар мешавем, ки собиқ-роҳбари “Тоҷпромбонк” Ҷамшед Зиёевро дар моҳи апрели соли гузашта дастгир намуда дар боздоштгоҳи муваққатӣ ҷой карданд. Ӯро ба гуноҳи ғайриқонуни додани қарз ва истифодаю аз худ кардании пули муштариён айбдор мекунанд.

Мувофиқи баъзе маълумотҳо ӯ маблағи бонкро баҳри рушди тиҷорати худ равон карда пулҳоро ба номи хешовандонаш ҳамчун қарз сабт карда будааст.

Ёдовар мешавем, ки “Тоҷпромбонк” дар моҳи феврали соли 2018 аз сабаби надоштани имкони хизматрасонӣ ба муштариён аз доштани иҷозатнома маҳрум гашта буд.