ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар соли гузашта музди меҳнати миёна 7,5 дарсад боло рафтааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ.
Тибқи маълумоти Ожонсии омори Тоҷикистон 1 декабри соли 2018 музди меҳнати миёна дар ҷумҳурӣ беш аз 129 долларро ташкил медод. Дар ҳамин ҳол, дар соли 2017 музди меҳнати 120 долларро ташкил медод.
“Дар ҳамин ҳол музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон дар соли гузашта 9 доллар ё 7,5 дарсад зиёд шуда аст”,- таъкид намудааст манбаъ.
Ин дар ҳолест, ки музди меҳнати баландатарин дар Тоҷикистон дар соҳаи истихроҷи маъдан ба қайд гирифта шудааст. Дар ин соҳа коргарон тақрибан 247 доллар маош мегиранд.
Моҳона дар соҳаи сохтмон 242 доллра, дар соҳаи барқу газ ва обтаъминкунӣ 184 доларро ташкил медиҳад.