ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. "Сомон Эйр" хабар дод, ки ҳавопаймои ширкат, ки ба Маскав парвоз мекард, бо далели мушкилоти техникӣ дар Душанбе нишасти изтирорӣ анҷом дод.
"Имрӯз, 6 феврал дар ҳавопаймои Boeing 737-300, парвози Душанбе-Маскав ҳангоми парвоз каме мушкилии техникӣ пеш омад", - тавзеҳ медиҳад ширкат.
Бо ҳамин сабаб, сарнишини ҳавопаймо қарор дод, ки ба фурудгоҳ баргардад. Нишасти ҳавопаймо бомуваффақият ба анҷом расидааст.
Дар боинг 134 нафар - 128 мусофир ва шаш нафар ҳайъати парвоз буданд.
Касе осеб набардоштааст.
Мусофирон бо дигар ҳавопаймо парвоз намудаанд. Ширкат аз муштариёнаш узрхоҳӣ мекунад.