ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Ҳаҷми захираи тилло ва арзии Тоҷикистон дар поёни соли гузашта баробари воридоти 4,9 моҳ шуд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.
Ба гуфтаи Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон бар асоси стандарти ҷаҳонии амнияти ғизоӣ, ҳаҷми захираи тилло ва арзии кишвар бояд баробари ҳаҷми воридоти 3 моҳ бошад.
Бар асоси додаҳои оморӣ, соли гузашта ҳаҷми гардиши молии хориҷии Тоҷикистон беш аз 4,2 миллиард доллар буд. Ин шумор дар муқоиса бо соли 2017, 6,3 дарсад, ё 250 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
Тоҷикистон соли 2018 ба арзиши 1 миллиарду 73,3 миллион доллар коло содир кард. Ҳаҷми содироти колоҳои кишвар соли гузашта 10,4 дарсад, ё 124,7 миллион доллар афзойиш ёфт.
Дар ин муддат Тоҷикистон ба арзиши 3 миллиарду 149,6 миллион доллар коло ворид кардааст.
Дар ин ҳол Тоҷикистон соли гузашта дар як ҳудуди ҳар як моҳ ба арзиши миёна 262,4 миллион доллар коло ворид кардааст.