Бонки миллӣ: тақдири "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" ба наздикӣ ҳал мешавад

Бонки миллии Тоҷикистон то 20 феврали соли равон пешниҳодҳои худро нисбати “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” ба ҳукумат пешниҳод хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 фев – Sputnik. Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ таъкид намуд, ки хулосаҳо оид ба тақдири “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” ба ҳукумати кишвар то 20 феврали соли равон пешниҳод ххоҳад шуд.

Таъкиди раисиҷумҳур ба камбуди доллар ва мушкилоти Тоҷиксодиротбонку Агроинвестбонк

Вай қайд намуд, ки Президенти кишвар дар маҷлиси ахири васеӣ ҳукумат ба вазорати молия ва Бонки миллӣ супориш дода буд, ки то 20 феврал пешниҳодҳо оид ба тақдири ин ду бонк пешниҳод гардад.

“Хулосаҳои мо нисбати ин ду бонк то 20 феврал омода мешавад ва ба ҳукумат пешниҳод мегардад”, - гуфт ба рӯзноманигорон Нурмаҳмадзода.

Вай инчунин таъкид намуд, ки дар ҳоли ҳозир ин ду бонк фаъолияташонро идома доранд ва уҳдадориҳояшонро дар назди муштариён кам карда истодаанд.

“Ҳоло "Агроинвестбонк"  дар назди шахсони воқеъи 738 миллион сомонӣ уҳдадорӣ дорад.  Тоҷиксодиротбонк  594 миллион сомонӣ уҳдадорӣ дорад”, - тавзеҳ дод раиси БМТ.

Амволе, ки бонкҳо доранд дар ҳоли ҳозир ба фурӯш нарафта истодааст. Аммо ба қадри имкон онҳо амволашонро ба фурӯш бароварда истодаанд.  

Инчунин, Ҷамшед Нурмаҳмадзода афзуд, ки роҳбарияти ин ду бонк барои ҳалли мушкилоти бонкӣ дар ҷустуҷӯи сармоягузор мебошанд.

Бонки Миллӣ: кори "Агроинвестбонк" баду аз "Тоҷиксодиротбонк" беҳтар

Вай гуфт, гуфтушунидҳо бо сармоягузорон тӯли ду соли ахир идома дорад. Бидуни ҷалби сармоя бонкҳои мазкур уҳдадориҳояшонро дар назди муштариён иҷро карда наметавонанд.

“738 миллион Агроинвестбонк бе ҷалби сармоя талаботи муштариёнро саривақт иҷро карда наметавонанд.  Мо тарафдори он ҳастем, ки ҳамин ду бонк барои худ сармоя ҷалб кунанд ва мушкилоти ҷой доштаро ҳал намоянд”, - таъкид кард Ҷамшед Нурмаҳмадзода раиси Бонки миллии Тоҷикистон.