Дар ҷавоб ба мағали занҳо ва таҳқири онҳо зани дар дохили мошинбуда аввал хомӯш мемонад, сипас аз мошин баромада, кӯшиш мекунад худро "муҳофизат" кунад. Аммо ҷониби "мухолифин" бо "мушт" ба вай ҳамла мекунанд.
"Шарм намедорӣ, бо чор кӯдак ба шавҳарат хиёнат мекунӣ", - фарёд мекунанд онҳо.
Ин наворро, ки Рашид Рашидиён ном корбаре дар Фейсбук монда навиштааст, ки "Боз як зани сатрпӯши шавҳардор дар оғӯши марди бегона ба даст афтод", баҳси доманадори корбаронро ба миён овардааст.
Корбарон пас аз тамошои ин навор, сарлавҳаи муаллифи наворро зери танқиду тозиёна қарор додаанд.
Рашидиён, ки сатрпӯш будани занро ишора кардааст, баҳс байни ҷонибдорони сатр ва мухолифини ин либосро барангехтааст.
Бештари онҳо навиштаанд, ки "хиёнат аз либос вобаста нест ва зане, ки сатр мепӯшаду ба ин кор даст мезанад, аз дин фарсахҳо дур аст".
Дар ҳамин ҳол, қисми дигари корбарон навиштаанд, ки "занони сабукпо барои рӯйпӯши амалҳои пасташон сатру ҳиҷоб ба бар мекунанд".