Сохтмони CASA–1000 ба таъхир афтод

Оғози кори тарҳи хатти барқи CASA – 1000 дар Афғонистон ба як таъхири 8-моҳа дучор омадааст.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Тибқи замонбандие, ки дар Афғонистону Покистон муқаррар шуда буд, корҳои сохтмонии ин хатти барқ бояд охири соли 2018 шуруъ мешуданд, аммо дигарбора ба таъхир гузошта шуд.

Лавров: Русия омодааст ба лоиҳаҳои CASA-1000 ва ТАПИ шомил шавад

“Брешно”, ягона ширкати истеҳсол, интиқол ва фурӯши барқи Афғонистон мегӯяд, азбаски ин тарҳ 8 моҳ ба таъхир афтод, эҳтимолан то поёни соли оянда хатм ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.

Амонуллоҳ Ғолиб, раиси ширкати “Брешно” мегӯяд, омодагӣ ба корҳои сохтмонии CASA – 1000 ба кундӣ пеш мераванд, аммо то чанд моҳи дигар дуруст хоҳанд шуд.

Ширкати “Брешно” ҳанӯз моҳи декабри соли 2017 бо ду ширкати паймонкори ҳиндӣ - KEC (Kamani Engineering Corporation) ва KPTL (Kalpataru Power Transmission Limited) се созишнома сари сохтмони қисмати афғонистонии тарҳи хатти барқи CASA-1000 ба имзо расонида буд. Ин созишномаҳо яке бо KPTL (76,9 миллион доллар) ва дуи дигар бо KPTL (158, 26 млн) баста шуд.

Амонуллоҳ Ғолиб мегӯяд, ин ширкатҳо кори худро дар Афғонистон шурӯъ кардаанд, аммо “Брешно” ба иллати тамом шудани соли молии гузашта, натавонистааст 17% - и пули пешпардохтро ба ширкатҳои паймонкор бипардозад.

Шурӯъи сохтмони хатти барқи CASA-1000 ҳанӯз 12 майи соли 2016 дар шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон расман эълон шуда буд, аммо ба далели таъхир дар интихоби ширкатҳои паймонкор кори он ба соли 2018 кашид.

Покистон мехоҳад тариқи лоиҳаи CASA-1000 ба Тоҷикистон қувваи барқ интиқол диҳад

Тӯли ин хати барқ аз Тоҷикистон то Покистон 765 километр буда, 563 километраш ба Афғонистон рост меояд. Он аз Шерхон Бандар, минтақаи ҳаммарз бо Тоҷикистон оғоз шуда, ба Турхами Покистон поён меёбад.

CASA-1000 аз ҳудуди 600 русто ва 23 вулусволии ҳафт вилоят – Кундуз, Бағлон, Панҷшер, Кописо, Кобул ва Нангарҳор мегузарад.

Тибқи иттилои ширкати “Брешно”, Афғонистон солона танҳо аз транзити барқ ҳудуди 50 миллион доллар даромад хоҳад гирифт.

Хатти барқи CASA – 1000 солона 1300 мегават барқи Қирғизистон (30%) ва Тоҷикистон (70%) – ро ба Афғонистону Покистон мерасонад. Афғонистон - 300 ва Покистон – 1000 мегавати онро истифода хоҳанд кард.

Ин яке аз тарҳҳои бузурги энергетикии содиротии Осиёи Марказӣ ба Афғонистону Покистон хоҳад буд. Арзиши умумии хатҳои интиқоли барқи CASA-1000 дар қаламрави Афғонистон 235 миллиону 16 ҳазор доллар ҳисоб шудааст, ки минҳайси грант аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ таъмин мешавад. Кулли ҳазинаи тарҳ дар ҳудуди 1.2 миллиард доллар аст.

Агентии рушди байнулмилалии ИМА (USAID), вазорати хориҷии ИМА, вазорати ҳамкории байнулмилалии Британия (DFID), Агентии рушди байнулмилалии Австралия (AusAID), Бонки исломии рушд (IDB), бунёдҳои Арабистони Саудӣ ва Кувайт аз сармоягузорони ин тарҳ ба шумор мераванд.

Ҷалби ширкатҳои ҳиндустониву шведӣ барои бунёди иншоотҳои тарҳи CASA–1000 дар Тоҷикистон

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, 4 феврал, дар Бишкек эълом кард, ки кишвараш барои ҳамроҳ шудан ба тарҳҳои бузурге, назири CASA-1000, омода аст. Вай гуфт, ин тарҳ барои Русия хеле ҷолиб аст ва ширкатҳои мо эълони омодагӣ барои пайвастан ба кори он кардаанд, агар аз онҳо дават ба амал ояд.

Амонуллоҳи Ғолиб мегӯяд, вазъи амниятии Афғонистон низ ба сохтмони ин тарҳ бетаъсир буда наметавонад ва дар ҳоли вахимтар шудани он корҳои сохтмонӣ ҳам эҳтимоли қатъ шудан доранд.

7 корманди KEC моҳи майи соли 2018 аз сӯи ҷангиёни Толибон дар вилояти Бағлони Афғонистон рабуда шуда буданд. Ҳиндустон аз ҳукумати Афғонистон хостори тақвияти амнияти коргаронаш шуд.