ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Ҳайъати русия бо роҳбарии Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия дар Душанбе бо сафари расмӣ ҳузур дорад.
Дар пойтахти Тоҷикистон имрӯз барф борид. Қаблан дар бораи боридани барф обуҳавошиносон хабар дода буданд.
“Ҳайъати Русия ба Душанбе барф овард ва ба ҳамин хотир аз мо самимона сипосгузорӣ карданд – дар инҷо ин хосияти хуб дорад”, навиштааст дар саҳифаи Facebook намоляндаи расмии Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон Мария Захарова.
Сафари расмии Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия аз маросими гулчамбаргузорӣ ба ҳайкали Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳри Душанбе оғоз шуд.
Сергей Лавров зимни сафари кориаш бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон молоқот анҷом дод. Инчунин вай бо Сироҷиддин Муҳриддин ҳамтои тоҷикаш низ мулоқот намуд.