ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонсӣ, ба ин ниҳод шаҳрванд “А” муроҷиат карда, арз доштааст, ки Фаридуни Абдулвоҳиди Маҷидзода, мутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ноҳияи Шоҳмансур аз ӯ се ҳазор сомонӣ талаб кардааст.
Муроҷиаткунанда афзудааст, ки Маҷидзода ба ивази 3 ҳазор сомонӣ ба ӯ ваъда додааст, ки бародарашро аз комиссариати ҳарбии ноҳияи Шоҳмансур халос мекунад. Ба иттилои манбаъ, бародари муроҷиаткунанда, шаҳрванд “Б” барои равон намудан ба хизмати ҳарбӣ дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Шоҳмансур қарор дошт.
Ожонс илова кард, ки Маҷидзода баъди гирифтани 3 ҳазор сомонӣ аз шаҳрванд “А” дастгир шуда, бар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноии кишвар дар қаллобӣ муттаҳам гардид.
Ин дар ҳолест, ки қаблан гуфта мешуд, бархе мақомдорон “облава”, ё худ шеваи ғайриқонунии ҷалби наваскаронро ба роҳи ғайриқонунии даромади муфт табдил додаанд.
Дар ҳамин ҳол Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе соли равон чанд моҳ қабл аз оғози даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ қарор кардааст, ки барои даъвати баҳории имсолаи наваскарон омодагии муташаккилона бо ҷалби муассисаҳои таълимӣ то раисони маҳаллаҳо дида шавад. Бар асоси ин қарор корҳои ташвиқотӣ пурзӯр гардида, рӯйхати дақиқи даъватшавандагон таҳия мегардад.