ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев Алишер Султоновро аз симати муовини вазири энергетика сабукдӯш ва вазири нави энергетикаи Узбакистон таъин кард, хабар медиҳад вебгоҳи "Газете.uz".
"Алишер Саидаббосович Султонов аз вазифаи муовини сарвазир сабукдӯш гардид. Дар ин бора раисҷумҳур қарори вижа ба имзо расонидааст", - афзудааст манбаъ.
Ба фармони дигар Султонов вазири энергетика - ниҳоди нав таъин гардидааст. Вазорати энергетика дар Узбакистон чанде пеш бо қарори Шавкат Мирзиёв ба имзо расидааст.
Ба иттилои манбаъ, вазорати навташкил тамоми масоили ташкил ва ба тартиби соҳаи сӯзишвориву энергетикиро ба танзим медарорад.
Султонов аз 1 ноябри соли 2017 симати муовини сарвазирро бар ӯҳда дошт.
Пештар Мирзиёев дар бораи тағйири таркиби ҳукумат қарори вижа ба имзо расонид. Аз ҷумла, шумораи муовинони нахуствазир аз 8 то 5 нафар кам мешавад. Ҳар як муовини сарвазир ду мушовир дар ихтиёр доранд.