"Дарс"-и фоҷиа дар Дарвоз

Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, мегӯяд, вазъ ва сифати роҳҳои маҳаллии кишвар вазнин аст ва ронандаҳо бояд инро ба назар гиранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Худоёрзода бо таъкиди ин нукта аз садамаи “Опел” дар ноҳияи Дарвоз зикр кард, ки 9 кушта барҷой гузошт.

Ҳушдор аз хатарҳои ҳафтаи оянда ва номусоидии ҳаво аз Душанбе то Мурғоб

“Дар Дарвоз мошини “Опел” даҳ нафар мусофир мегирад. Ҳангоми сафар шини чархи пешаш мекафад ва ба дарё сарозер меравад. Нуҳ нафар мусофир ҷонашонро аз даст медиҳанд. Охир, мошини “Опел” барои 10 мусофир таъйин нашудааст-ку?”, - таъкид кард вазир.

Ӯ зикр кард, ки дар мувозинаи Вазорати нақлиёт зиёда аз 14 ҳазор километр роҳҳои мошингард ҳастанд, ки беш аз 7 ҳазор километри он роҳҳои маҳаллӣ мебошанд.

“Акнун барои таъмиру таҷдиду мумфарш кардани сатҳи 1 метри мураббаи роҳи мошингард 26 доллар харҷ мешавад, яъне як км роҳ бошад, 198 ҳазор доллар мехоҳад. Акнун тасаввур кунед, ки бо 60 миллион сомонӣ пули солона, ки барои роҳнигаҳдорӣ барои вазорат ҷудо мешавад, чӣ қадар роҳҳоро обод кардан имкон дорад?”, - суол гузошт ӯ дар нишасти ахири матбуотӣ.

Вазири нақлиёт аз кумаки аҳли ҷамоатчигӣ, соҳибкорон ва ҳукуматҳои маҳаллӣ тавсиф кард, ки бо ёри онҳо масъалаи роҳбандӣ аз байн бардошта шуд.

“Розӣ ҳастем, ки вазъ ва сифати роҳҳои маҳаллӣ вазнин аст. Аммо ронандагон низ бояд ин вазъиятро ба назар гирифта, дар роҳҳо эҳтиёткор бошанд”, - таъкид намуд вазири нақлиёт.

Вазири ҷабрдида аз дағалии ронандаи мусофирбар: чӣ карду ба дигарон чӣ маслиҳат медиҳад?

Ин таъкиди вазир дар ҳолест, ки шоми 29 январ дар ҳудуди деҳоти Вишхрави ноҳияи Дарвоз дар пайи садама 9 тан ҳалок шуданд.

Бино бар иттилои ВУД, тахминан соатҳои 18:45 ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Куканиев Арабшо Аҳмадович, соли таваллудаш 1969, сокини деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Қалъаи хумб-Хоруғ, дар ҷамоати деҳоти Вишхарв аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи Панҷ чаппа шудааст.

Худододов Суҳроб Мамаднабиевичи 41-сола, Маъзамова Бунафша Бороновнаи 44-сола, Маъзамова Маҳина Бороновнаи 29-сола, Абдуллозода Алиҷони Орзӯи 6-сола, Ҷалолова Гуландом Саидраҳмоновнаи 37-сола, Давлатзода Абубакри 7-сола, Давлатзода Нигинаи 6-сола, Давлатзода Усмони 3-сола, Давлатзода Умари 4-сола сокинони деҳаи Курговад ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.