Вохӯрии Раиси вилояти Суғд бо ҷавонону варзишкорон

Соли 2018 дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз рӯи намудҳои олимпӣ ва ғайриолимпӣ беш аз 2360 нафар варзишкорони вилояти Суғд соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 фев - Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 1-уми феврали соли 2019 дар Кохи фарҳанги "Суғдиён"-и шаҳри Хуҷанд бо ҷавонон ва варзишгарони вилоят вохӯрӣ баргузор намуд, иттилоъ додааст дафтари матуботии Ҳукумати вилоят.

Ҳангоми вохӯрӣ зикр гардидааст, ки соли  2018 дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз рӯи намудҳои олимпӣ ва ғайриолимпӣ беш аз 2360 нафар варзишгарони вилоят соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм шуданд.

Давоми соли 2018 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 105 иншооти варзишӣ аз ҷумла, 77 майдонча, 19 толор, 1 ҳавзи шиноварӣ, 1 маҷмаа ва 7 майдонча барои бозии кӯдакон бо сарфи беш аз  сиву се миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби сарпарастон сохта, ба истифода дода шуданд.

Дар вохӯрӣ ҷавонони фаъол, варзишгарони муваффақ, ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ ва собиқадорони соҳа бо ҷоиза ва мукофотҳои пулии Раиси вилояти Суғд қадршиносӣ гардиданд.

Бояд зикр намуд, ки бо қарори Раиси вилоят аз 2 октябри соли 2017 Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи маҳаллии маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар вилояти Суғд барои солҳои 2017-2021» ба тасвиб расида, ҳамзамон, «Барномаи рушди футбол дар вилояти Суғд барои солҳои 2017-2021» мавриди амал қарор дорад.