“Нафари дуюм”-и Тоҷикистон 67-сола шуд: "бозигари зирак" ё роҳбари одил?

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, ки “нафари дуюм”-и кишвар баъди раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон унвон мешавад, имрӯз 67-сола шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Убайдуллоев Маҳмадсаид Убайдуллоевич, аз чеҳраҳои калидии сиёсии даҳсолаҳои охири Тоҷикистон, 1 феврали соли 1952 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Ӯ соли 1968 ба Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дохил шуда, сипас таҳсилро дар Донишкадаи политехникии ба номи Ленини Харков идома додааст. Раиси феълии Маҷлиси миллӣ фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1974 ҳамчун сармуҳандис оғоз кардааст.

Дастури Президент: дуюмин эстакадаи Душанбе пеш аз мӯҳлат ба истифода дода мешавад

Сомонаи расмии Маҷлиси миллӣ, дар бораи фаъолияти Убайдуллоев дар солҳои охири Шӯравӣ ва замони Истиқлолият чунин иттилоъ додааст:

Солҳои 1988-1990-сардори идораи омори вилояти Қурғонтеппаи РСС Тоҷикистон, солҳои 1990-1992-ҷонишини Раиси комитети иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Кӯлоб, солҳои 1992-1994-ҷонишини раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон, солҳои 1994-1996-муовини аввали сарвазир, солҳои 1996- 2017-раиси шаҳри Душанбе ва аз соли 2000  то инҷониб- раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Тоҷикистон мебошад.

Дар мавриди Убайдуллоев дар ҷомеаи Тоҷикистон шинохтҳои гуногун ҷой доранд.

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори маъруфи тоҷик дар бораи шинохташ аз ин сиёсатмадор гуфт, мисли аксарият маро бо ӯ овозаҳо шинос намуд: "як коммунисти атеисту партократ", "ба ғайри худаш ҳарфи касеро қабул надорад", "роҳбари сахтгӯ", "сиёсатмадори зираку бозингар", "аз баҳри ҳама чӣ ва ҳар кас дар лаҳзаи зарурат мегузара”.

Раҷаби Мирзо афзуд, дар муқобил, онҳое, ки Убайдуллоевро мешинохтанд, тавсифи дигар доштанд: "писари қонун", "нафари сахт эътиқодманду мазҳабӣ", "шахси аз ҳад одил, ки ҳатто ба пайвандонаш гузашт намекунад", "шабу рӯзро дар утоқи кориаш мегузаронад", "бо ӯ танҳо соҳибкасбҳо кор карда метавонанд", "одами қавл, яъне агар чизеро ваъда дод, қасамшиканиро аз ӯ интизор нашавед", "мансабдори принсипнок”.

Рӯзноманигори маъруфи тоҷик барои шинохти бештар аз шахсияти Убайдуллоев иқтибосҳои ӯро аз ҷаласаю вохӯриҳо овардааст:

Маҳмадсаид Убайдуллоев 12-уми январи соли 2017 бо фармони раисиҷумҳур аз мақоми раиси Душанбе барканор гардид. Бо фармони дигар Рустами Эмомалии 29-сола, писари бузурги раисиҷумҳур иҷрокунандаи вазифаи раиси Душанбе таъин шудааст. Дар маросими муаррифии раиси нав Қоҳир Расулзода ба Маҳмадсаид Убайдуллоев барои хизматҳои арзишманд дар солҳои тӯлонии роҳбарӣ аз номи Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуда, тибқи фармони Президент барои фаъолияти босамар ба ӯ Ордени ”Зарринтоҷ”, дараҷаи-1 тақдим карда буд.

Дар Тоҷикистон