Далели писари вазири маориф алайҳи “Диссернет”: дуздӣ нест, кодексҳо монанданд

Раҳматулло Мирбобоев, муовини аввали вазири маорифи Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон иттиҳоми асардуздӣ алайҳи Шоҳин Саидов, писари Нуриддин Саид, вазири маорифи кишварро шарҳ дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Имрӯз дар нишасти матбуотӣ дар хитоб ба Нуриддин Саид шарҳи иттиҳоми асардуздӣ алайҳи писараш Шоҳин Саидов дархост карда шуд. Аммо Мирбобоев, муовини аввали вазири маориф, гуфт  “азбаски ин самти корро ман мебарам, ман ба ин савол ҷавоб мегӯям”.

Баъди қазияи "Диссернет": амри нави раисиҷумҳур дар бораи "ВАК"-и Тоҷикистон

Мирбобоев зикр кард, ки “Диссернет”, як созмони ҷамъиятӣ аст, ки на танҳо рисолаҳои  олимони Тоҷикистон, балки дигар кишварҳоро ҳар сари вақт расонаӣ мекунад ва масъулини тоҷик онҳоро меомӯзанд, ки то чӣ андоза ба воқеият наздиканд.

Мушахассан дар мавриди Шоҳин Саидов, ноиби аввали вазир гуфт, ӯ рисолаи илмияшро дар мавзӯи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои қочоқ дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон соли 2011 дар Русия ҳимоя кардааст.

Ӯ афзуд, баъди нашри маводи “Диссернет”  Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон кори илмии Саидовро омӯхта, ба Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия пешниҳод кард. Ба гуфтаи Мирбобоев, Шӯрои диссертатсионӣ баъди омӯхтани рисола, онро ба Комиссияи олии аттестатсионии Русия пешниҳод намуд, вале то ҳол қарори мушаххас қабул нашудааст.

Ноиби аввали вазири маориф иттилоъ дод, ки Шоҳин Саидов охири моҳи декабр ба ҷаласаи Шӯрои олии аттестатсионии Русия даъват шуд ва тавонист нишон диҳад, ки рисолааш дуздӣ нест. Дар пайи ин Шӯрои олии аттестатсионӣ ҷаласаро боз ба муҳлати дигар гузошта, интизор меравад, ки Шоҳин Саидов дигарбора ба он даъват гардад.

Стратеги № 1-и раисиҷумҳур: кори "Диссернет" ғаразомез буд, аммо як хубӣ дошт

Ба гуфтаи ноиби аввали вазири маориф, Шоҳин Саидов тавонист нишон диҳад, ки дуздӣ нест монандиҳо дар кори илмияш бо рисолаҳои дигарро ба монандӣ дар кодексҳои ҷиноии Тоҷикистону Русия рабт додааст. Ӯ изҳор доштааст, ин монандиҳо аз Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гирифта шудаанд, на аз рисолаи афроди дигар.

Мирбобоев дар хулоса таъкид намуд, ки кори илмии Шоҳин Саидов аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Русия бекор нашудааст ва ӯ бори дигар меравад исбот мекунад, ки мустақилона корро анҷом додааст.

Ноиби аввали вазири маорифи Тоҷикистон гуфт, бисёри рисолаҳое, ки дар “Диссернет” зикр шудаанд, аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионӣ  бекор нашудаанд.

Шоҳин Саидов, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, писари вазири маорифи кишвар мебошад, ки соли гузашта аз ҷониби пойгоҳи “Диссернет” ба асардуздӣ муттаҳам шуд.

“Диссернет” дар баробари Саидов наздик ба 50 олими дигари Тоҷикистонро дар асардуздӣ муттаҳам карда буд, ки дар миёнашон мақомдорони кишвар низ қарор доранд.