Вокуниши Русия ва Покистон ба иддаои Зубов дар бораи интиқоли “ДОИШ” ба марзи Тоҷикистон

Вазорати умури дохилии Русия иддаои Игор Зубов, муовини вазири умури дохилии ин кишварро дар мавриди интиқоли ҷангиёни “ДОИШ” аз Покистон ба марз бо Тоҷикистон шарҳ додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Ирина Волк, сухангӯи ВУД Русия мегӯяд, иттилооти баёндоштаи Зубов назари шахсии ӯ буда, мавқеи расмии ин ниҳод нест. Ба гуфтаи Волк, ноиби вазири умури дохилии Русия назари шахсияшро дар бораи раванди эҳтимолии ҳаводис ва вазъи сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ баён доштааст.

Аз вазъ воқифем: посухи КДАМ Тоҷикистон ба ҳушдори ВУД Русия аз “ДОИШ” дар марз

Ин дар ҳолест, ки Замир Кобулов, фиристодаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон аз изҳороти Зубов дар мавриди интиқоли ҷангҷӯёни созмони террористии “ДОИШ” ба марз бо Тоҷикистон изҳори бехабарӣ кардааст. Хабаргузории “Ховар” иттилоъ додааст, ки вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ низ дар мулоқот бо Кобулов аз ин иддаои Зубов изҳори тааҷҷуб намудааст. Кобулов ин иддаоро иштибоҳ хонда, таъкид намудааст, ки бо ҷониби Покистон ҳеч чунин масъала дар миён нест.

Ахиран Игор Зубов, муовини вазири умури дохилии Русия гуфт, чархболҳои ношинос аз Покистон ба наздикии марз бо Тоҷикистон ҷангҷӯёни созмони террористии “ДОИШ”-ро интиқол медиҳанд.

Зубов дар ҷаласаи мушовараи ҷамъбастии ВУД Русия дар Тотористон аз тавтеаи густурдае дар марз бо Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки ба гуфтаи ӯ алайҳи Русия нигаронида шудааст.

“Зоҳиран он ҷо тавтеаи густурдае тарҳрезӣ шуда истодааст ва эҳтимоли тела додани теъдоди зиёди гурезаҳо ба сӯи Русия бо тамоми пайомадҳояш ҷой дорад”, - изҳор дошт Зубов.

Ҳушдори ноиби вазири Русия аз чархболҳою ҷангиёни “ДОИШ” дар марзи Тоҷикистон ва гурезаҳо

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон дар посух ба ин иддао гуфтанд, рӯйдодҳо дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро фаъолона назорат мебаранд ва аз вазъи фаврӣ дар Афғонистон воқифанд.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон аз  ҳамкории зич бо ҳамтоёни Афғонистон зикр карда, таъкид намудаанд, ки дар сурати зуҳури аъзои “ДОИШ” дар  қитъаи сарҳадӣ ҷониби Тоҷикистон огоҳ хоҳад буд.

“Бевосита дар қисмати хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон то имрӯз аъзои гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ”-и мамнӯъ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд”, - изҳор доштанд, мақомоти марзбонии КДАМ.

Манбаъ таъкид намудааст, ки феълан дар ҳудуди сарҳади Тоҷикистону Афғонистон таҷҳизоти қӯшунҳои сарҳадӣ кофист ва барои ба сарҳад бурдани нерӯ ва техникаҳои иловагӣ зарурат нест.