Бонки миллӣ салоҳияти “Ташкилоти суғуртавии Лидер Иншуранс” васеътар кард

Бонки миллии Тоҷикистон ба “Ташкилоти суғуртавии Лидер Иншуранс” барои амалисозии намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ то 30 октябри соли 2020 иҷозатномаи фаъолият додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 янв - Sputnik. Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки милли Тоҷикистон бо қарори навбатиаш баъзе аз намудҳои фаъолияти “Ташкилоти суғуртавии Лидер Иншуранс”-ро васеътар кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Бонки миллӣ.

БМТ иҷозатномаи ширкати “Суғуртаи Тоҷик ва Чин”-ро аз нав ба расмият даровард

“Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 24-уми январи соли 2019 таҳти №6 мутобиқи банди 1-и моддаи 12-и Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, инчунин банди 1-уми боби 10-и Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, иҷозатномаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Лидер Иншуранс” ҷиҳати амалисозии намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ, ба муҳлати то 30 октябри соли 2020 аз нав ба расмият дароварда шуд”, - таъкид намудааст манбаъ. 

Ёдрас мешавем, ки қаблан Бонки миллӣ ба ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Лидер Иншуранс” иҷозатнома барои аз аз намудҳои фаъолият дода буд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи қарори мазкур иҷозатномаи ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Лидер Иншуранс”, ки 30 октябри соли 2015 аз тарафи Бонки миллӣ дода шуда буд, беэътибор дониста шуд. 

Масъулини Бонки миллӣ ба Идораи назорати суғуртавӣ дастур доданд, ки доир ба қарорҳои мазкур сабти дахлдорро ба Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта ворид намояд.