Муродзода Муқим Қаюм, раиси тозатаъйини ноҳияи Айнӣ кист?

Бо Фармонҳои раисҷумҳури Тоҷикистон аз 28 январи соли равон Раҳматуллозода Неъматулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Айнӣ озод гардида, ба ҷойи ӯ Муродзода Муқим Қаюм раиси ноҳияи Айнӣ таъйин гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik.  Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо ширкати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими муаррифии раиси ноҳияи Айнӣ баргузор гардид, иттилоъ додоааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Аҳмадзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Деваштичро муаррифӣ кард

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят барои фаъолияти пурсамараш ба Раҳматуллозода Неъматулло изҳори сипос намуда, дар назди Муродзода Муқим Қаюм раиси тозатаъйини ноҳияи Айнӣ барои тақвияти корҳои ободониву бунёдкорӣ ва бо дастовардҳои шоиста истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон вазифаҳои мушаххас гузошт.

Муродзода Муқим Қаюм 23 феврали соли 1970 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ буда, соли 1993 Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанберо бо ихтисоси омӯзгори фанни забони англисӣ хатм намудааст.

Мавсуф фаъолияти меҳнатиашро соли 1993 ба ҳайси омӯзгори мактаби миёнаи рақами 19 оғоз бахшида, сипас дар солҳои гуногун дар вазифаҳои мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Айнӣ кор кардааст. Аз июни соли 2017 то лаҳзаи раиси ноҳияи Айнӣ таъин шуданаш дар вазифаи муовини якуми раиси ноҳияи Айнӣ фаъолият дошт.